Боло
Хуҷҷатҳо

Созишномаи корбарӣ

Пеш аз истифодаи барнома, лутфан созишномаи корбарро бодиққат хонед. Ҳар корбари барнома бояд шартҳои ин созишномаро риоя кунад. Бе додани ризоият, Шумо наметавонед дар барнома сабти ном шавед ва аз он истифода намоед.

ИСТИЛОҲҲО ВА ШАРҲИ ОНҲО

  1. Системаи хизматрасониҳои eDonish (минбаъд Система) — маҷмуи васоити барномавӣ (https-саҳифа), ки барои пешниҳод намудани маълумот оид ба ҷараёни таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ пешбинӣ шудааст.
  2. Шабакаи иҷтимоӣ — маҷмуи васоити барномавӣ (https-саҳифа), ки барои муоширати корбарони пайвастшуда дар Система пешбинӣ шудааст.
  3. Хизматрасониҳо — вазифаҳои алоқаманде, ки ба корбар имконият медиҳанд, ки як қатор амалҳоро иҷро намояд ва аз натиҷаҳои фаъолияти Система истифода намояд.
  4. Корбар — шахси воқеӣ, ки дар Система сабти ном шудааст ва дорои номи корбарӣ ва рамз мебошад, ки барои дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва маълумоти маҳдуди Система иконият медиҳад.
  5. Иҷрокунанда — КВД «Шаҳри ҳушманд». Дар хусуси тағйир ёфтани мушахассоти худ Иҷрокунанда Корбарро тавассути ворид намудани тағйирот ба Созишномаи мазкур ва ҷойгир намудани маълумот дар ҷойи ба ҳама дастраси https://edonish.tj хабардор менамояд.
  6. Созишнома — матни ин созишномаи корбарӣ байни Корбар ва Иҷрокунанда, ки дорои тамоми шароити зарурӣ ва муҳим барои дастрасӣ ба Система аз ҷониби Иҷрокунанда буда, шартҳои истифодаи Корбарро аз система, маҳдудиятҳо, шартҳо барои боздоштан ва қатъ кардани истифодаи система аз ҷониби Корбар, шароити нигаҳдории маълумоти шахсии Корбар, муносибатҳои дигари марбут ба истифода Системаро фаро мегирад. Риояи шартҳои Созишномаи мазкур шарти зарурии истифодаи Система аз ҷониби Корбар мебошад.
  7. Мактаб — муассисаи таълимие, ки хонандаро ба таҳсил фаро гирифтааст ва Корбар намояндаи қонунии ӯ мебошад.
  8. Саҳифаи шахсӣ — вуруд, парол ва калидҳои даъват барои истифода бурдан ва аутентификатсияи корбар.
  9. Калидҳои даъватнома — пайдарпаии аломатҳое, ки Муассиса ба корбар пешниҳод менамояд, ки барои тасдиқи корбар дар система ва дуруст нишон додани маълумот дар Система заруранд.
  10. Вуруд – пайдарпайии аломатҳоест, ки ҳар як корбари инфиродиро дар байни корбарони дигари система муайян мекунад.
  11. Рамз – ин пайдарпайии аломатҳое мебошад, ки танҳо ба худи корбар маълуманд ва дар система дар шакли рамзгузорӣ ҳифз карда мешаванд ва барои тасдиқ кардани корбар истифода мешаванд.
  12. Аутентификатсия — тасдиқи салоҳияти корбари дурдаст барои дастрасӣ ба система, ки бо истифодаи логин ва рамз анҷом дода мешавад.
  13. Аккаунт — маълумоти корбар дар система, ки бо номи корбар ва парол ҳифз карда шудааст.
  14. Хонанда — шахсе, ки дар мактаб таҳсилоти умумии асосӣ ё миёна тащсил мекунад ва аъзои система мебошад.
  15. Волидайн — волидайн ё намояндаи қонунии хонанда.
  16. Рақами ягонаи корбар дар система (id) - рақами беназири шахсии ба ҳар як корбари система додашуда ҳангоми бақайдгирӣ дар система.
  17. Соли таҳсил — давраест, ки муддати раванди таълимро дар мактаб муайян мекунад. Оғоз ва анҷоми ин давра аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  18. Маълумот дар бораи ҷараёни таълим — маълумоте, ки дар система мавҷуд аст ва барои Корбарони система дар ҳаҷми барои ҳар як корбари муайяншуда дастрас аст ва дорои маълумоти зерин мебошад:
    • маълумот дар бораи мундариҷаи раванди таълим, аз ҷумла нақшаи солонаи таълимӣ, ҷадвали дарсҳо, мундариҷаи вазифаҳои хонагии ба хонандагон додашуда;
    • натиҷаҳои мониторинги пешрафти хонанда ва аттестатсияи даврагии хонандагон, аз ҷумла маълумот дар бораи баҳоҳо, маълумот дар бораи мундариҷаи дарсҳо ва корҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои он баҳоҳо гирифта шудаанд;
    • маълумот дар бораи иштироки хонандагон ба дарсҳо;
    • эродҳо ва маълумот дар бораи рафтори хонандагон;
    • дигар маълумоти дар система мавҷудбуда, ки бевосита ба раванди таълимии хонандагон дахл доранд.

Муқаррароти умумӣ

  1. Ин созишномаи корбар (минбаъд "Созишнома") ба ҳамаи Корбарони система дахл дорад ва пешниҳоди оммавӣ мебошад.
  2. Истифодаи система маънои онро дорад, ки Корбар бо Созишнома ошно аст ва ин Созишномаро қабул мекунад. Лаҳзаи бастани Созишнома лаҳзаи вуруди аввал ба система аз ҷониби Корбар мебошад.
  3. Маъмурияти система ҳуқуқ дорад дастрасӣ ба вебсайтро ба Корбаргоне, ки муқаррароти Созишнома ва меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, маҳдуд кунад.
  4. Нусхаи ҳозираи Созишнома дар бахши: https://edonish.tj/Home/UserContract ҷойгир карда шудааст. Иҷрокунанда ҳуқуқи тағйир додан ё илова кардани Созишномаро дар вақти дилхоҳ бидуни огоҳии пешакӣ нигоҳ медорад. Огоҳӣ дар бораи тағйирот дар Созишнома дар ҷои дастраси вебсайти система https://edonish.tj ҷойгир карда шудааст. Вазифаҳои шиносоӣ бо намунаи ҳамин Созишнома ба Корбари система вогузор карда шудааст. Истифодаи минбаъдаи система аз ҷониби Корбар пас аз ворид намудани тағирот ва / ё иловаҳо ба Созишнома маънои қабул ва розигии Корбарро бо чунин тағирот ва / ё иловаҳо дорад.
  5. Пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ ба Корбар бо созишномаҳои алоҳида танзим карда мешавад. Хизматрасониҳои пулакӣ барои бақайдгирӣ ва истифодаи система шарти зарурӣ нестанд ва бо дархости Корбар пешниҳод карда мешаванд.
  6. Иҷрокунанда ӯҳдадор аст қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи истифода, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсии Корбарони система риоя кунад. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад маълумоти шахсиро дар бораи Корбарони система ҳифз кунад ва онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
  7. Аз лаҳзаи бастани Созишнома, Корбари система ба Иҷрокунанда розигии худро барои коркард ва нигоҳ доштани маълумоти шахсӣ, ки тибқи Созишномаи мазкур ва ҳангоми дар вебсайти система кор кардан медиҳад ва Иҷрокунанда бо назардошти талабот ва мӯҳлати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарӣ ва махфияти маълумоти шахсии пешниҳодшудаи Корбари Системаро кафолат медиҳад.
  8. С момента заключения Соглашения Пользователь Системы дает свое безоговорочное согласие Исполнителю на получение от Исполнителя электронных сообщений (SMS/Viber-сообщений и др.) на абонентский номер и/или электронную почту Пользователя Системы, заявленные при регистрации в Системе, которые отправлены с использованием средств электросвязи в сети операторов сотовой подвижной электросвязи, мобильных приложений (Viber, Wats Up и др.), Интернет-сервисов и других электронных средств, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан, с целью направления Исполнителем в адрес Пользователя Системы интересных и важных сведений в форме электронных уведомлений о своих услугах (работах), товарах, продуктах, рекламных акциях, кампаниях и играх, дисконтных программах, иной рекламы Исполнителя, транзакциях Пользователя Системы, другой необходимой информации для Пользователя Системы.
  9. Корбар ӯҳдадор мешавад, ки Системаро танҳо бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ мутобиқи Созишномаи мазкур истифода барад.

Қоидаҳои дастрасӣ ба система

  1. Бақайдгирӣ дар Система барои номумкин гардонидани дахолати дигарон танҳо тавассути калидҳои даъват сурат мегирад.
  2. Дар система се намуди бақайдгирӣ мавҷуд аст:
    • Вуруди оилавӣ - аз ҷониби волидайн бо мақсади муттаҳид кардани волидон ва хонандагон ба ячейкаи ягонаи система ба қайд гирифта шудааст.
    • Волидайн - ин навъи бақайдгирӣ барои волидон пешбинӣ шудааст.
    • Донишҷӯ - ин навъи бақайдгирӣ барои хонандагон аст.
    • Омӯзгор - ин намуди бақайдгирӣ барои кормандони мактаб пешбинӣ шудааст.
  3. Дастрасӣ ба ҳайати маъмурияти журнали синфӣ аз ҷониби Иҷрокунанда ба таври инфиродӣ бо розигии Директори мактаб таъмин карда мешавад.
  4. Дастрасӣ ба панели маъмурияти сайт аз ҷониби директори мактаб таъмин мегардад.
  5. Насаб, ном ва номи падари ҳар як корбар бояд барои фаъолияти дурусти баъзе Хизматҳо ба воқеият мувофиқат кунанд.
  6. Қоидаҳои гирифтани маълумотнома барои дастрасӣ ба система:
    • Иҷрокунанда ба директор саҳифаи шахсӣ худро пас аз бақайдгирии мактаб дар вебсайт, инчунин рӯйхати калидҳои даъватномаро медиҳад.
    • Директор ба волидайн калидҳои даъватномаи барои бақайдгирӣ заруриро медиҳад.
  7. Муқаррароти умумӣ:
    1. Корбар ӯҳдадор мешавад, ки Системаро танҳо бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ мутобиқи Созишномаи мазкур истифода барад.
    2. Корбар вазифадор аст маълумоти зеринро дуруст ворид кунад:
      • Насаб
      • Ном
      • Номи падар
      • Почтаи электронӣ (махфӣ) - барои фаъол сохтани аккаунт ва гирифтани маълумот дар бораи раванди таълим зарур аст
      • Рақами телефони мобилӣ (махфӣ) - барои гирифтани маълумот дар бораи ғайриҳозир будан дар дарс.
      • Калиди даъват

Қоидаҳои нигоҳ доштани маълумотномаҳои корбар

  1. Корбар ӯҳдадор мешавад, ки маълумотномаҳои худро тавре нигоҳ дорад, ки ба шахсони сеюм маълум нашаванд. Додани саҳифаи шахсии шумо ба шахсони сеюм манъ аст.
  2. Маълумоти корбар дар Система дар шакли рамзгузорӣ нигоҳ дошта мешавад. Кормандони Иҷрокунанда ба саҳифаи шахсии Корбар дастрасӣ надоранд. Иҷрокунанда ӯҳдадор шудааст, ки барои пешгирии дастрасӣ ба саҳифаи шахсии аз ҷониби шахсони сеюм тамоми воситаҳои техникии мавҷударо истифода барад.

Қоидаҳои ҳамкории байни Иҷрокунанда ва Корбар

  1. Иҷрокунанда кафолат намедиҳад, ки система ба талабот ва хоҳишҳои Корбар ҷавобгӯ хоҳад буд. Аммо, Корбар метавонад ба Иҷрокунанда дар бораи хоҳиши худ хабар диҳад, ки дар натиҷа он ба овоздиҳӣ гузошта мешавад. Дар сурати натиҷаи мусбӣ, Иҷрокунанда функсияро навро ба система ҳамроҳ мекунад.
  2. Иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки ба Корбаргон дастрасии шабонарӯзӣ ба система тавассути Интернетро таъмин карда, сатҳи зарурии амнияти дастрасиии иттилоотро таъмин намояд.
  3. Иҷрокунанда дар сурати зарари молиявӣ ё ғайримустақими Корбарон, ки дар натиҷаи корношоямии муваққатии Система бо сабабҳои зерин ба амал омадааст, масъулият надорад: корҳои ба нақша гирифташуда ё ғайринақшавии техникӣ ва пешгирикунанда, нокомиҳои техникии провайдерҳои интернетӣ, шабакаҳои компютерӣ ва серверҳо, инчунин амали ғайриқонунии шахсони сеюм ё форс-мажор. Ҳамзамон, Иҷрокунанда ӯҳдадор мешавад, ки барои дар мӯҳлати кӯтоҳтарин барқарор кардани кори Система саъй намояд.
  4. Иҷрокунанда ҳеҷ гоҳ барои вайрон кардани ҳуқуқҳои зеҳнии шахсони сеюм ҷавобгар намебошад, агар ин вайронкунӣ дар натиҷаи эҷод, боргузорӣ, ҷойгиркунӣ, нусхабардорӣ ё тағир додани маълумот, мавод ё тасвирҳо дар Система, ки Корбаргони система анҷом додаанд, ба амал омада бошад.
  5. Пас аз сабти ном, Корбар барои бехатарии саҳифаи шахсии, аз ҷумла барои риояи тамоми чораҳо оид ба таъмини амнияти саҳифаи шахсӣ, инчунин барои ҳамаи амалҳое, ки бо истифода аз логин ва рамзи корбар анҷом дода мешаванд, пурра масъулиятро ба дӯш мегирад.
  6. Корбар розӣ аст, ки Иҷрокунандаро дар бораи вайрон кардани амнияти марбут ба дастрасӣ ба система, ки бо истифодаи логин ва рамзи корбар бе огоҳӣ ва розигии ӯ содир шудааст фавран огоҳ намояд. Иҷрокунанда барои ҳама оқибатҳои дахолати беасос, аз ҷумла гум шудан ё вайрон шудани маълумоте, ки дар натиҷаи ба шахсони сеюм додани иҷозати воридот ба система бо истифодаи логин ва пароли Корбар рух додааст,  масъулиятро ба дӯш намегирад.
  7. Корбар розӣ аст, ки ӯҳдадор аст Иҷрокунандаро дар бораи корношоями ва ё хатои техникӣ тавассути бахши "Хадамоти дастгирӣ" огоҳ созад.

Қоидаҳои ҷойгиркунии иттилооте, ки қонунҳо оид ба моликияти зеҳнӣ ҳифз мекунанд

  1. Ҳама маводҳое, ки дар система пешниҳод шудаанд, аз ҷумла тасвирҳо, рамзи барнома ва тарроҳӣ объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ мебошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти зеҳнӣ ҳифз карда мешаванд.
  2. Ҳангоми истифодаи система зеркашӣ, интиқол дар байни Корбарон, тағир додан ё фиристодани иттилооте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, ҳуқуқҳои истисноии шахсони сеюм, аз ҷумла ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он, инчунин ҳуқуқҳои истисноӣ ба ихтироот, модели судманд, намунаи саноатӣ ё тамғаи молӣ манъ аст.
  3. Корбар дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои зеҳнии шахсони сеюм, аз ҷумла ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он, инчунин ҳуқуқҳои истисноӣ ба ихтироот, модели судманд, намунаи саноатӣ ё тамғаи молӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

Истифодаи амалҳои манъшуда дар система

  1. Маводҳои аксӣ, аудиоӣ ва видеоиро бо вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва паҳн кардан.
  2. Ҳама гуна маълумот ё нармафзорро, ки барои шикастан ба системаҳои компютерӣ истифода мешавад ё вирусҳои компютерӣ ё ҷузъҳои дигари ба онҳо баробарро дар бар мегирад, ҷойгир кардан ва паҳн кардан.
  3. Бо ягон роҳ ба кори система халал расондан.
  4. Барои кор дар система тахаллусҳоро истифода бурдан, худро ҳамчун шахси дигар (корманд) муаррифӣ кардан.
  5. Ба корбари система фиристодани паёмҳо ва (ё) маводҳое, ки дорои иттилоот мебошанд, ки паҳнкунии онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст.

Муқаррароти ниҳоӣ

  1. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад бидуни огоҳии пешакӣ барои корбаре, ки Созишномаи мазкур ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, дастрасӣ ба Системаро маҳдуд намояд.
  2. Бо истифода аз система, Корбар қабули бечунучарои ҳамаи муқаррароти Созишномаро тасдиқ мекунад.
  3. Баҳсҳои байни Иҷрокунанда ва Корбар тавассути гуфтушунид ҳал карда мешаванд. Агар ҳалли баҳс тавассути гуфтушунид ғайриимкон бошад, парванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди маҳалли ҷойгиршавии Иҷрокунанда фиристода мешавад.